Рангрезӣ дар Эрон собиқае дерина дорад ва яке аз сабабҳои шӯҳрати қолии эронӣ зебоӣ ва давоми рангҳои он аст.
Ранги ин қолиҳои ҳазорранг дар дастони тавонманди рангрезоне офарида мешавад, ки тамоми шавқу ишқу халлоқияти худро дар ин ҳирфаи асилу бособиқа бакор мегиранд.
Имрӯзҳо агарчӣ рангрезии нах вориди ҳавзаи санъат шуда, аммо ҳамчунон рангрезиҳои суннатӣ ҷойгоҳи худро ҳифз кардааст.
Шаҳри Буруҷирд дар ғарби Эрон яке аз муҳимтарин марокизи тавлиди наху нассоҷӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.