"Модар баланд шав"; фарёди кӯдакони афғон, ки ҷаҳонро такон дод

Радиои тоҷикӣ 4 views
Гиряҳо ва нолаҳои ду кӯдак бар пайкари модаршон дар инфиҷори рӯзи сешанбеи Кобул, ки бо фарёдҳои «модар баланд шав»-и онон ҳамроҳ буд, бори дигар авзоъи ногувори амният дар Афғонистонро дар садри хабарҳо қарор додааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳаштаги #модар_баланд_шав мазлӯмияти кӯдакони Афғонистонро бозтоб додаанд.

Пештар низ пас аз ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул, форсизабонон бо ҳаштаги #ҷони_падар_куҷостӣ, ки паёмаки падари яке аз донишҷӯёни шаҳиди он ҳодиса буд, ҳамдилӣ ва ғамшарикии худро бо миллати Афғонистон нишон доданд.

Add Comments