Ҳеч кас монанди Алии Деҳбошӣ ба пайванди форсизабонон кумак накардааст

Радиои тоҷикӣ 8 views

Дар бахше аз филми мустанади “Салом, ман Деҳбошӣ ҳастам”, ба коргардонии Ҷаводи Оташборӣ, Гулрухсор, шоираи номдори Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои Алии Деҳбошӣ ва нақши ӯ дар пайванди форсизабонон сухан мегӯяд.

Алии Деҳбошӣ, мудири масъули моҳномаи адабии “Бухоро”, ки ба далели гирифтор шудан ба бемории Ковид -19 чанд рӯзе дар Теҳрон дар бемористон бистарӣ буд, акнун бо беҳтар шудани ҳолаш мурраххас шудаву дармонро дар хонааш такмил мекунад.

 

Add Comments