Ширкати раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар дучархасавории умумӣ

Радиои тоҷикӣ 2 views

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии беҳдошт барои ширкат дар як барномаи дучархасавории ҷамъӣ ба хиёбонҳо омад.

Телевизиони давлатии Туркманистон тасовире аз ҳузури раиси ҷумҳурии ин кишвар дар барномаи дучархасавориро мунташир кард.

Дар ин тасовир Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон пешопеш аъзои кобина, раисони маҷлис, мақомҳои низомӣ, раисони идороти давлатӣ ва хабарнигорони расонаҳо дар хиёбонҳои Ишқобод дучархасаворӣ мекунад.

Add Comments