Кӯҳҳои миррихии Чобаҳор; падидаи шигифтангез бо шӯҳрати ҷаҳонӣ дар Эрон

Радиои тоҷикӣ 2 views

Кӯҳҳои миниатурӣ ё миррихӣ аз ҷойҳои диданӣ ва бахше аз табиати зебоии Чобаҳор дар устони Сиистону Балучистон аст .Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ҳудуди 50 километр аз ҷодаи Чобаҳор ба самти бандари Гуотур, кӯҳҳои зебои миррихӣ дар самти чапи ҷода дида мешавад . Кӯҳҳои миррихии Чобаҳор аз беназиртарин кӯҳҳои Эрон бо шӯҳрати ҷаҳонӣ буда ва барои гардишгарони хориҷӣ шинохта шудааст . Ранги кӯҳҳои миррихии Чобаҳор сафеду кабудфом ва ин кӯҳҳо дар торикии шаб бениҳоят зебост . Навъҳои гуногуни боқимондаҳои ҳайвоноти дарёӣ дар байни кӯҳҳои миррихӣ қобили мушоҳида буда ва ин мавзӯъ нишон медиҳад ин минтақа қаблан зери об будааст .Пешинаи кӯҳҳои миррихии Чобаҳор беш аз 5 миллион сол эълом шудааст . Баландии кӯҳҳои миррихии Чобаҳор тағйирёбанда аст ва аз 5 метр то беш аз 100 метр дар миёни онҳо пайдо мешавад.

 

Add Comments