Нахустин обшори намакии ҷаҳон дар Эрон

Радиои тоҷикӣ 12 views

Обшори зебои намакии Птос аз зеботарин падидаҳои табиии ҷаҳон дар Эрон аст.

Обшори зебоии намакии Птос бо иртифои 25 метр дар шимоли муҷтамаи маъдании Птос дар 40 километрии шарқи шаҳристони Хур ва Биёбонак дар устони Исфаҳон ва дар деҳкадаи намакии туристии Птос қарор дорад.

Ин обшор аввалин обшори намакии ҷаҳон аст ва гардишгарони дохилӣ ва хориҷии бисёреро ҷазб мекунад.

Ҳамчунин дар атрофи ин обшор 6 иқоматгоҳи ҷижа вуҷуд дорад, ки аз намак сохта шуда ва ҳеч масолеҳи дигаре дар онҳо ба кор нарафтааст.

Аз дигар ҷозибаҳои ин деҳкада метавон ба дарёчаи намак, истахрҳои шино, ҳамомҳои намакӣ, истахрҳои табхирӣ, имконоти варзишӣ ва тафреҳӣ ва минтақаи расади осмон ишора кард.

Add Comments