Сели ин ашки равон сабру дили моро бурд . ..

Радиои тоҷикӣ 3 views

Шояд агар Ҳофизи Шерозӣ дар рӯзгори мо мезист, мисраи “Сели ин ашки равон сабру дили Ҳофиз барад”-ро бо дидани нолаи ин модари афғонистонӣ бар сари пайкари духтаракаш месуруд ва ҳамаи башариятро дар он шарик мекард.

Дар ҷинояти инфиҷори террористии рӯзи шанбеи 8 май дар муқобили як мадрасаи духтарона дар ғарби Кобул 63 нафар, ки бештари онон духтарони 11 то 15 сола буданд, дар хуни худ ғалтиданд ва 150 нафар низ маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бисёре аз онон ногувор аст.

Рӯзи сешанбе дар Афғонистон рӯзи азои умумӣ эълом шудааст.

Add Comments