Бозтоби густардаи шаппотӣ хӯрдани Макрон

Радиои тоҷикӣ 3 views

Шаппотӣ хӯрдани раисиҷумҳури Фаронса аз як ҷавон тайи сафарҳои интихоботӣ, бозтоби бисёр густардае дар маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар доштааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Jean Castex, нахуствазири Фаронса, шаппотӣ хӯрдани Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури ин кишварро ҳамла ба демократия донист.

Bruno Le Maire, вазири иқтисоди Фаронса низ гуфт, шаппотӣ хӯрдани Макрон беҳурматӣ ба миллати ин кишвар буд ва ҷойгоҳи раёсатҷумҳуриро хадшадор месозад.

Аксари шахсиятҳои Фаронса шаппотӣ хӯрдани Макронро тавҳин ба ҷумҳурии ин кишвар қаламдод кардаанд.

Раисиҷумҳури Фаронса рӯзи сешанбе ҳангоми сафар ба шаҳри Drôme, ҷануби шарқи ин кишвар ва ҳузур байни ҷамъият ногаҳон аз тарафи яке аз муътаризонаш шаппотии муҳкаме хӯрд. Бар асоси ин гузориш, ин фарди ношинос қабл аз инки ба раисиҷумҳури Фаронса шаппотӣ бизанад, фарёди марг бар Макронро сар додааст. Ин фарди ношиноси 28 сола ва бидуни ҳеч гуна собиқаи кайфарӣ буда, билофосила боздошт шуд ва мумкин аст ба се сол зиндон ва 45 ҳазор евро ҷаримаи нақдӣ маҳкум шавад.

Ҳануз ангезаи аслии ин фарди ношинос аз шаппотӣ задан ба Макрон мушаххас нашудааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, тайи ду соли гузашта шоҳиди коҳиши маҳбӯбияти худ аз 48 ба 38 дарсад будааст.

Заъфи давлати Фаронса дар кантроли густариши вируси корона, афзоиши молиётҳо ва ислоҳоти иқтисодӣ, мӯҷиби коҳиши шадиди маҳбӯбияти Эммануэл Макрон шудааст.

Add Comments