Сафари сафири Арманистон ба Арок; густариши ҳамкориҳои иқтисодии Теҳрон - Ереван

Радиои тоҷикӣ 5 views

Сафири Арманистон дар Эрон бо сафар ба шаҳри саноатии Арок, маркази устони марказӣ, бо зарфиятҳои саноатӣ ва иқтисодии ин шаҳр бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ошно шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, «Арташес Туманиан » сафири Арманистон дар Теҳрон 11 июл дар сафари якрӯза ба Арок аз чаҳор воҳиди саноатӣ боздид ва дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии устони марказӣ ширкат кард.

Вай дар ҳошияи ин боздидҳо гуфт,  ҳамкории Арманистон бо Эрон дар абъоди мухталиф ба вижа  иқтисодӣ аҳамияти фаровоне дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни кишварҳои ҳамсояи Арманистон аз ҷойгоҳи хубе бархурдор аст.

Add Comments