Нахустин ҳузури новгурӯҳи нерӯи баҳрӣ дар Уқёнуси Атлантика

Радиои тоҷикӣ 5 views

Ҳафтоду ҳафтумин новгурӯҳи нерӯи баҳрии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон муташаккил аз новшикани (эсминец) Саҳанд ва новбандар (штурман) Мокран барои аввалин бор ва ба манзури нишон додани тавонмандиҳои низоми Ҷумҳурии Исломии эрон дар арсаи дарёнавардӣ дар Уқёнуси Атлантик ҳузур дорад.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, адмирал Ҳусейн Хонзодӣ,  фармондеҳи нерӯи  баҳрии артиш дар ин бора гуфт: Мокран (Mokrān) як бандари сайёр аст ва ин киштӣ барои ҳузури флотҳои мо дар баҳрҳои озод иқтидори хуб дорад. Киштии Саҳанд низ аз рӯзе, ки сохта шудааст, 400 рӯз дарёнавардӣ карда ва ин гуёи ин аст ки як зарфияти бузурги донише дар ҷавонони ин кишвар вуҷуд дорад.

Add Comments