Сӯхтор дар бемористони Имом Ҳусейн (а) дар Ироқ; Теъдоди қурбониён ба 54 тан расид

Радиои тоҷикӣ 3 views

Идораи беҳдошти "Зи Қор"-и Ироқ бомдоди сешанбе аз афзоиши шумори қурбониёни ҳодисаи сӯхтор ба 54 нафар дар бахши беморони коронаии бемористони Имом Ҳусейн (а) дар шаҳри "Носирия"-и ин устон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти ироқӣ пештар шумори қурбониёни ин ҳодисаро 23 нафар эълом карда буданд.

Гуфта мешавад инфиҷори капсули кислород омили сӯхтор дар дохили маркази нигаҳдории мубталоён ба корона дар бемористони Имом Ҳусейн ( а ) будааст.

Бархе манобеи расонаии ироқӣ гузориш доданд, 5 тан аз кодри пизишкии бемористон, 2 парастор, се зан ва як нерӯи  Вазорати кишвари Ироқ ( эҳтимолан маъмури амнияту ҳифозати бемористон ) дар миёни қурбониёни оташсӯзӣ ҳастанд." Мустафо  Ал-Козимӣ " нахуствазири Ироқ барои итилоъ аз охирин вазъияти бемористон, роҳии шаҳри Носирияи маркази устони Зӣ Қор дар ҷануби Ироқ шудааст. Ал-Козимӣ дар шаҳри Носирия нишасте фавқулъода барои баррасӣ ва расидагӣ ба ҳодиса ташкил дод.

Ҳамчунин Раиси парлумони Ироқ Муҳаммад ал-Ҳалбусӣ низ дар Твиттер эълом дошт, ки имрӯз, сешанбе дар парлумони Ироқ ҷаласа даъват карда, андозаи сӯхторро дар беморхонаи Имом Ҳусейн (а) таҳқиқ хоҳад кард.

Амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани қурбониёни ҳодиса идома дорад. Ин оташсӯзӣ душанбешаб ба вуқӯъ  пайваст. 

Add Comments