Тасовире аз пойгоҳи низомии Багром дар Кобул

Радиои тоҷикӣ 2 views

Хабаргузории Эронпресс муваффақ шудааст бо дарёфти муҷаввиз ва ҳузур дар пойгоҳи низомии Багром дар Кобул, видеои ихтисосӣ аз бахшҳои мухталифи ин пойгоҳи ҳавоӣ таҳия кунад.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, низомиёни Амрико дувуми июли 2021 пас аз ҳудӯди 20 сол, шабона пойгоҳи низомии Багром дар шимоли Кобулро тарк карданд.

Багром, пойгоҳи роҳбарии низомиёни амрикоӣ дар шимоли Кобул ба муддати ду даҳа ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон буд.

Пойгоҳи Багром, бузургтарин мақари нерӯҳои низомии хориҷӣ ва амрикоӣ дар Афғонистон буд ва дар авҷи ҳузури онон дар ин кишвар то 100 ҳазор низомии амрикоиро дар худ ҷой дода буд.

Add Comments