Гузаре ба аъмоқи таърихи заминшиносӣ

Радиои тоҷикӣ 2 views

Боғи мӯзейи улуми замини Машҳад, бузургтарин мӯзеи заминшиносии Эрон маҳсӯб мешавад.

Боғи мӯзейи улуми замини Машҳад дар фазои 10 ҳазор метри мураббаъ эҷод шуда, ки шомили се шаҳраки физикаи замин, иктишоф ва туннели маъданӣ ва заминшиносӣ аст.

Ҳамчунин дар ин боғи мӯзей 775 қитъаи санги ҷавоҳирӣ, 550 қитъаи фусил, 800 қитъа санг вуҷӯд дорад.

Боғи мӯзейи заминшиносии Машҳад бо намоиш гузоштани динозаври гиёҳхӯр «Диплодокус», ҷозибаи вижаё барои гардишгарон дар ин шаҳри туристӣ ва зиёратӣ эҷод кардааст.

Намоиши скелети динозаври «Tyrannosaurus» аз вижагиҳои барҷастаи дигари Боғи мӯзейи улуми замин Машҳад аст. То пеш аз шуюи вируси корона, ин боғи мӯзей солона 15 ҳазор боздидкунанда дошт.

Add Comments