Вуруди нони барбарии эронӣ ба суфраи мардуми Қазоқистон

Радиои тоҷикӣ 2 views

Нони барбарии эронӣ дар Қазоқистон мавриди тавваҷуҳи мардум қарор гирифтааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Қувоншбек Қори Соҳиб, поягузори нонвойии барбарӣ дар Қазоқистон мегӯяд: “Солҳо дар Эрон зиндагӣ кардам ва пас аз он тасмим гирифтам ин нони машҳури эрониро дар кишвари худам бипазам”.

Ба гуфтаи ин корофарини қазоқ, дар Қазоқистон анвои мухталифи нони аврупоӣ, ӯзбакӣ ва туркӣ пухта мешавад, аммо мардуми ин кишвар ба нони барбарии Эрон тавваҷуҳи вижае нишон додаанд.

Абӯтолиби Чобук, нонпази нони барбарӣ дар Қазоқистон низ мегӯяд: “Дар ибтидо барои роҳ андохтани нонвойии барбарии эронӣ кори сахте доштем, зеро табиати мардуми қазоқ ба нонҳои дигаре одат дошт, аммо билохира тавонистем иқболи мардумро ба даст оварем”.

Add Comments