Имом Хумайнӣ (раҳ) дар шеъри шоирони Тоҷикиситон

Радиои тоҷикӣ 2 views

Имом Хумайни раҳматуллоҳи алайҳ дар шеъри шоирони Тоҷикистон ҷойгоҳи волое доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бӯи Мустафо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи марҳум аллома Мирзоюсуфи Фозили Масчоҳӣ маъруф ба «Эшони Мирзоюсуф» 20 май 1956 дар рустои Оббурдани ноҳияи Мастчоҳи устони Суғд мутаваллид шуд.

Ӯ улуми ибтидоии исломӣ ва сатҳро дар маҳзари падари худ эшон Махдум, ки яке аз донишмандони маъруф дар водии Зарафшон ва Истаравшан буда - фаро гирифт ва ҳамчунин адабиёти порсӣ ва низ « Маснавии маънавӣ »-ро ҳам дар назди падари худ омӯхтааст.

Ӯ табаҳҳуре фавқуллодда дар адабиёти порсӣ ва ба хусуси адабиёти ирфонӣ ва ба вижа дар «Маснавӣ » дошт, ҳамчунин тасаллути вай дар улуми исломӣ аз қабили тафсири қуръони Карим ва ирфони исломӣ камназир буду шогирдони фаровонеро тарбият ва парвариш карда ва муддате имом - Хатиби масҷиди ҷомеи аллома Иқболи Лоҳурӣ дар ноҳияи Мастчоҳи нав (Бӯстон ) буд.

Вай саранҷом дар 26 сентябри 2016 доруфониро видоъ гуфт.

Ин олими раббонӣ ашъори ирфонии зиёде сурудааст, ки порае аз он дар ду маҷмӯъа « Меҳроби меҳр » ва «Наҷвои дил » ҷой гирифтаанд.

Add Comments