Идомаи буҳрон дар фурудгоҳи Кобул

Радиои тоҷикӣ 3 views

Гузоришҳо ҳокист, дастикам ҳафт нафари дигар бар асари тирандозӣ ва издиҳоми ҷамъият дар фурудгоҳи Кобул кушта шудаанд.

Ба гузориши бахши байналмилалии Хабаргузории садо ва симо, гузоришҳо ҳокист, дастикам ҳафт нафари дигар бар асари тирандозӣ ва издиҳоми ҷамъият дар фурудгоҳи Кобул кушта шудаанд.

Пеш аз ин низ дар рӯзҳои гузашта аз кушта шудани дувоздаҳ нафар дар фурудгоҳи Кобул хабар дода шуда буд.

Бо гузашти ҳафт рӯз аз вуруди Толибон ба шаҳри Кобул, ҳамчунон ҳазорон нафар аз атбои кишварҳои Аврупо ва Амрико ва ё ҳамкорони афғони онҳо тайи 20 соли ахир дар Афғонистон, дар фурудгоҳи Кобул ва атрофи он саргардонанд.

Афғонҳо буҳрони фурудгоҳи Кобулро такмилкунандаи ҷиноёти низомиёни амрикоӣ дар бист соли ахир дар ин кишвар медонанд.

 

Add Comments