Оғоз ба кори фурудгоҳи Кобул

Радиои тоҷикӣ 0 views

Идораи ҳавонавардии Афғонистон аз бозкушоии расмии фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба рӯйи парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши хабарнигори бахши байналмилали хабаргузории садо ва симо аз Кобул, идораи ҳавонавардии Афғонистон аз бозкушоии расмии фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба рӯи парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир фурудгоҳи байналмилалии Кобул аз соати шаши бомдод то соати шаши аср ба рӯи парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ омодааст, вале ҳанӯз ин фурудгоҳ барои пазириши парвозҳои шабона омода нест.

Фурудгоҳи Кобул бо ҳамкории мутахассисони Қатар ва Туркия дубора бозсозӣ ва омодаи пазириши парвозҳои хориҷӣ ва дохилӣ шудааст.

Add Comments