Суннати ваҳшиёнаи куштори дилфинҳо дар Дания

Радиои тоҷикӣ 0 views

Куштани волҳову дилфинҳо дар ҷазоири худмухтори Форуи наздики Дания садҳо соласт ба унвони як расму суннати войкингҳо анҷом мешавад; расме ки ҳолои бузургтарин шикори пистондорони баҳрӣ маҳсӯб мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мудофеъони ҳуқуқи ҳайвонот ба наҳваи куштани ин ҳайвоноту шикори беравияи онҳо муътаризанд.
Дар маросими имсоли сокинони ҷазоири Фору рекорди бесобиқа аз худ ба ҷо гузоштанд ва 1428 дилфинро шикор карданд; руйдоде ки мухолифатҳои зиёдеро барангехтааст .
Дар ҳамин ҳол ин расм дар ҷазоири Фору қонӯнӣ аст ва ҳаводорони он муътақиданд ҷузъи ҳувияти фарҳангии онҳост ва барои тағзияшон зарурӣ аст, аммо мухолифон мегӯянд ин расму ойин боиси инқирози ин пистондорони баҳрӣ мешавад ва наҳваи куштори онҳо бераҳмона аст .

 

Add Comments