Бандари нафтии халиҷи Форс: Равнақи бонкринг ва содироти фаровардаҳои нафтӣ

Радиои тоҷикӣ 4 views

Бандари нафтии халиҷи Форс дар муҷтамаи бандарии шаҳид Раҷоӣ нақши муҳиме дар бонкринг, содирот, воридот ва транзити фаровардаҳои нафтӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, сӯхтгирӣ ва сӯхтрасониро амалиёти бонкринг (Bunkering) мегӯянд, амалиёте аст, ки тавассути як истгоҳи соҳилӣ ё шиновар сӯхти мавриди ниёзи шиноварҳо дар ихтиёри онон қарор мегирад.

Махзанҳои фаровардаҳои нафтӣ барои амалиёти бонкринг дар бандари нафтии халиҷи Форс нишон медиҳад, ин бандар бузургтарин сайти махзани бонкринг дар Эрон аст.

Бандари нафтии халиҷи Форс бандаре дар ҳоли тавсеа аст, ки бо қарор гирифтан дар масири транзити Шимол – Ҷануб, аз мавқеияти мумтозе бархӯрдор аст.

Add Comments