Радди хабари ҳузури раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Тоҷикистон

Радиои тоҷикӣ 7 views

Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард.

Алӣ Майсам Назарӣ гуфт, Аҳмад Масъуд ҳақ дорад ба унвони раҳбари сиёсӣ ва низомӣ ба хориҷ аз кишвар сафар кунад, аммо дар ҳоли ҳозир дар дохили Афғонистон аст.

Вай дар бораи интишори бархе ахбор аз қавли Восиқ Кабир, муовини пешини волии Панҷшер аз ҳузури раҳбари Ҷабҳаи зидди Толибон дар Тоҷикистон баён кард, «мо намедонем чаро чунин гузорише мунташир шудааст, афроде, ки ин хабарро мунташир карданд, сухангӯ набуданд ва ҳеҷ иртиботе бо аъзо ё раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат надоштанд ва иттилооти онҳо нодуруст аст.

Ӯ идома дод, Аҳмади Масъуд дар дохили Афғонистон аст, аммо табиӣ аст, ки як раҳбари сиёсӣ ва низомӣ метавонад сафар кунад.

Вай ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Амрико низ гуфт, Вазорати додгустарии Иёлоти муттаҳида муҷаввизи ифтитоҳи дафтарро содир кардааст.

Назарӣ афзуд, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тавонист на танҳо аз Вазорати адлия, балки аз дигар бахшҳои давлати Амрико барои ифтитоҳи дафтари намояндагӣ муҷаввиз бигирад.

Ӯ изҳор кард, судӯри ин муҷаввиз барои як ҳизби сиёсӣ, ки ҳеҷ иртиботе бо Амрико надорад кори осоне нест ва хеле муҳим аст.

Назарӣ дар идомаи суханони худ гуфт: дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо як раҳбар вуҷӯд дорад ва он Аҳмад Масъуд аст.

Add Comments