Афзоиши тавони амалиётии бандари шаҳид Раҷоӣ дар ҷануби Эрон

Радиои тоҷикӣ 2 views

Бо ҳадафи ҳифзу афзоиши тавони амалиётии бандарҳои Эрон, таъмири шиноварҳои сабуку сангин дар бандари шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббос-маркази устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон анҷом мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эронпресс, ду шиновар дар бандари шаҳид Раҷоӣ ба дасти мутахассисони эронӣ таъмир шуд, ки ин иқдом нишондиҳандаи афзоиши тавони амалиётии бандари роҳбурдии шаҳид Раҷоӣ аст .
Бандари шаҳид Раҷоӣ дар Бандар Аббос ба унвони конуни муҳими тиҷорати баҳрии Эрон  нақши муҳимме дар тавсеъаи мубодилоти иқтисодӣ дорад ва ба ҳамин сабаб афзоиши тавони амалиётии ин бандар зарурӣ аст .
Бандари шаҳид Раҷоӣ ҳамчунин ба сабаби қарор гирифтан дар долони Шимол - Ҷануб яке аз нуқоти меҳварӣ барои транзити коло аз тариқи роҳи оҳани Эрон ба кишварҳои ҳамсоя маҳсуб мешавад .
Ба гуфтаи Алиризо Муҳаммадии Караҷирон- мудири кулли банодиру дарёнавардии устони Ҳурмузгон дар 8 моҳи гузашта ҳудуди 5 миллион тон анвоъи коло аз поёнаи бандари шаҳид Раҷоӣ ба саросари Эрон ҳамл шуда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта ( 1399 ) 50 дарсад афзоиш доштааст .

 

Add Comments